Баргузории консерти байналмилалии "Шоми дӯстӣ" дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия
Санаи 17 сентябри соли ҷорӣ, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори консертии "Эрбар Саал"-и шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия консерти байналмилалии "Шоми дӯстӣ" баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ва бо иштироки Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чорабинии идона меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, аз ҷумла муовини Раиси Маҷлиси намояндагон — Мавсуна Муинӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав — Азиз Назар, ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода.
Ин чорабинии фарҳангӣ рамзи дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Австрия буда, ба таҳкими равобити дуҷониба мусоидат менамояд.